СУХАН АЗ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН ВА САНАҲОИ ТАЪРИХӢ

287

Имрӯз (03.11.2022) дар Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конфренсияи муштараки илмӣ-назариявии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ДМТ таҳти унвони “Конститутсия – иродаи мо ҷавонон дар рушди давлатдории миллӣ” бахшида ба Рӯзи Конститутсия ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

         Чоршанбезода Сураҷ – муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  конфренсияро ифтитоҳ намуда, изҳор доштанд, ки “Иҷлосияи таърихии ХVI Шурои Олии Тоҷикистон дар қатори дигар хизматҳои бузурги худ, инчунин, баҳри эҷоди Конститутсия замина гузошт. Зеро ғояи меҳварие, ки дар ҳамин Иҷлосия баён гардид, баъдан аз ҷониби Комиссияи конститутсионӣ ба Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр ворид карда шуд, ки ҳуҷҷати ягона, кафолати озодӣ, шаъну шараф ва ҳуқуқи инсонии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст”.

         Дар идома декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қурбонализода Нурулло зикр намуд, ки “Конститутсия санади воқеан таърихиву муқаддаси ҳар давлату миллат ва ба танзим даровардани тамоми муносибатҳои муҳими ҷомеа мебошад. Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки Конститутсияи мо барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навин омили асосӣ гардида, дар дигаргунсозии бунёди тамоми муносибатҳои сиёсиву иқтисодии ҷомеаи Тоҷикистон нақши муассир дорад”.

Дар конференсия ҳамзамон, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодони факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ доир ба аҳмияти  Конститутсия ва нақши он дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишвар суханронӣ намуданд.

         Дар охир аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тарбия намудани ҷавонони соҳибистеъдоду ватандӯст ба як қатор кормандони донишгоҳ ва омӯзгорони ҷавони факултети ҳуқуқшиносӣ Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумита супорида шуд.