Т А В А Ҷ Ҷ У Ҳ !!!

560

       Маркази омӯзиши забонҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи довталабони омӯзиши забонҳои хориҷӣ мерасонад, ки аз аввали моҳи октябри соли 2022 курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳои англисӣ, арабӣ, русӣ, алифбои арабиасосии тоҷикӣ (барои донишҷӯёни Тоҷикистон), алифбои сирилликии тоҷикӣ (барои донишҷӯёни хориҷӣ) оғоз мегардад. Машғулиятҳоро устодони варзидаи донишгоҳ мегузаронанд. Нархи якмоҳаи дарс барои  донишҷӯёни Донишгоҳ мувофиқи қарори шурои олимони донишгоҳ аз 26. 02. 2021,  №08 200 сомонӣ муқаррар шудааст.

        Хоҳишмандон метавонанд барои сабти ном дар ин гурӯҳҳо ба  нишонии зайл муроҷиат кунанд:

      Шаҳри Душанбе, Буни Ҳисорак (Шаҳраки донишҷӯён), бинои 11, ошёнаи 3-юм, утоќи 327, Маркази омӯзиши забонҳо (МОЗ), телефон барои тамос: 907-79-82-65, 988-51-80-79.