ТАҶДИДИ НАЗАР БА ҲИМОЯИ РИСОЛАҲОИ ИЛМӢ

758

Имрӯз (19.11.2021) бо ташаббуси ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х вохӯрии раиси КОА-и назди Президенти ҶТ Розиқзода А.Ш. бо мудирон, садоратҳо ва аъзоёни шӯроҳои диссертатсионии назди донишгоҳ амалкунанда баргузор гардид.

 Дар вохӯрӣ Розиқзода А.Ш. дар робита ба аз нав ба қайд гирифтани шӯроҳои диссертатсионӣ, омода намудани тарзи дурусти ҳуҷҷатҳои номзадию докторӣ, бе ғараз баҳо додан ба рисолаҳои илмӣ, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти муштараки шӯроҳои диссертатсионӣ, дар доираи талаботи низомнома омода намудани рисолаҳои илмӣ ва бо масъулияти баланд анҷом додани тарзи ҳуҷҷатгузорӣ суханронӣ намуданд.  Таъкид шуд, ки дар сатҳи баланди илмӣ омода гаштани рисолаҳои илмӣ ва ба талаботи имрӯза мутобиқ сохтани мавзӯъҳои баррасишуда вазифаи аввалиндараҷаи мудирон, садорати факултетҳо ва аъзои шӯроҳои диссертатсионӣ мебошад.

Ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. зимнан таъкид дошт, ки дар самти омода намудани мутахассисони мухталиф донишгоҳ тамоми имкониятҳоро фароҳам сохта, омодааст, ки ба муҳаққиқон баҳри дифои рисолаҳои илмӣ дар дохил ва ё хориҷи кишвар ҳамаҷониба кумак намояд.

Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки пас аз ҳуҷҷатгузории шӯроҳои диссертатсионӣ ва таҷдиди назар ба фаъолияти онҳо, инчунин, ба кор шурӯъ кардани онҳо талабот зиёд шуда, тибқи меъёрҳои муайяншуда корҳо аз миқдор ба сифат гузаронида мешаванд. Акнун дифоъи рисолаҳои илмӣ аз муҳаққиқу роҳбар, мудирони кафедраҳову аъзоёни шӯро масъулияти баландро талаб мекунад.

Дар интиҳо чанде аз устодон, аз ҷумла Яқубова М.М., Саидов Н.Б., Одинаев Ҳ.А., Умаров Х.У., Равшан Р., Исайнов Ҳ., Ҷӯраева З. дар робита ба таъсиси ихтисосҳои нав, роҳҳои дурусти ҳуҷҷатгузорӣ, гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос ва интихоби мавзӯъҳои тозаи илмӣ суханронӣ намуданд.