ТАҶДИДИ НАЗАР БА РАВАНДИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ

191

Бо мақсади беҳтар гардонидани фаъолияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ бо иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон силсилавохӯриҳои ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ ба роҳ монда шудааст.

Баҳри натиҷагирӣ аз вохӯриҳои қаблӣ тибқи нақша суҳбати навбатии ректори донишгоҳ бо ҳайати устодону кормандони факултети забонҳои Осиё ва Аврупо доир гардид.

Ректори донишгоҳ ба мутасаддиёни факултет дар самти пеш бурдани корҳои илмию таълимӣ, тарбия ва равобити байналмилалӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Омода намудани мутахассисони донандаи хуби забонҳои хориҷӣ, таҳияи дастуру китобҳои таълимӣ, ташкили семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки меҳмонони хориҷӣ, иштироки фаъоли донишҷӯён дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, дифоъи рисолаҳои илмӣ, ҷалби ҷавонон ба пажӯҳиши илмӣ, ҷоннок намудани ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки мавридим баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимнан таъкид шуд, ки дар факултет забонҳои гуногуни хориҷӣ дарс дода мешавад ва баҳри омода намудани мутахассисон аз усулҳои нави таълим кор гирифту ба низоми таълими забонҳо таҷдиди назар намуд. Гуфта шуд, ки донишҷӯ пас аз таҳсил дар факултет бояд донандаи хуби забонҳои хориҷӣ ва ба бозори меҳнат ҷавобгӯ гардад.