ТАҚДИМИ ДИПЛОМ БА ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ

9

Дар сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ мавқеи муҳим дорад. Бинобар ин, Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми августи соли 2019, №438 тасдиқ гардидааст.

Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва амалисозии Барномаи зикршуда барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии вилояти Суғд курси такмили ихтисосро аз рӯйи равияи «Забони англисӣ» ташкил ва баргузор намуд.

Санаи 16-уми сентябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки намояндаи Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳ маросими тақдими дипломи шунавандагони курси такмили ихтисоси мазкур сурат гирифт.