Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бузурги илмию таълимӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар баланд бардоштани маърифату худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос мақому манзалати хосса дорад. Ин нукта имрӯз (05.07.2023) зимни супоридани дипломҳои аъло ба хатмкунандагони донишгоҳ аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ гуфта шуд.
Ба ин муносибат дар толори калони шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими супоридани дипломҳои аъло баргузор гардид. Дар чорабинӣ ба 338 нафар хатмкунандаи донишгоҳ, ки давраҳои таҳсилро бо баҳои аъло ва интизоми намунавӣ ба анҷом расонидаанд, дипломи аъло дода шуд.
Дар оғози чорабинӣ ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. хатмкунандагонро самимона табрик намуда, таъкид дошт, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бузурги таълимию илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар омода намудани мутахассисон барои соҳаи гуногуни иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда дорад.
Баъдан профессори кафедраи технологияи фарматсевтӣ ва фармакология Мусозода Сафол аз номи садорати факултетҳои донишгоҳ тамоми гирандагони дипломи сурхро табрик намуда, дар иҷрои фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳои назаррасро таманно дошт.
Дар идомаи чорабинӣ хатмкунандагони факултетҳои тиббию фарматсевтӣ чун анъанаи неки соҳаи тиб савганди садоқат ёд намуданд.
Сипас Абуқодиров Баҳромбек – хатмкунандаи факултети тиббӣ, Сафаралиева Марҳабо – хатмкунандаи факултети биология ва Восиева Фарзона –хатмкунандаи зинаи магистратураи факултети забонҳои Осиё ва Авпупо аз номи хатмкунандагон ва гирандагони дипломи сурх суханронӣ намуда, ба роҳбарият ва коллективи устодону кормандони донишгоҳ изҳори сипос намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ таҳти мусиқии рамзӣ намунаи дипломи аъло ба саҳна ворид гардид ва ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҳамроҳ бо садорати факултетҳо ба хатмкунандагон димломҳои сурхро супориданд.
«Мо умед дорем, ки шогирдони мо дар оянда тамоми донишу маҳорати худро баҳри ободиву шукуфоии Ватани азизамон дареғ намедоранд» – изҳор дошт ректори донишгоҳ зимни суханронии ҷамъбастии хеш.
Ёдовар мешавем, ки дар тантанаи супоридани дипломҳои аъло роҳбарияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва волидайну наздикони чанде аз хатмкунандагон иштирок доштанд.