ТАҚДИМИ ДИПЛОМҲОИ АЪЛО БА ХАТМКУНАНДАГОНИ ДОНИШГОҲ

14

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бузурги илмию таълимӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар баланд бардоштани маърифату худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос мақому манзалати хосса дорад. Ин нукта имрӯз (28.07.2025) зимни супоридани дипломҳои аъло ба хатмкунандагони Донишгоҳ аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуфта шуд.

Ба ин муносибат дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими қасамёдкунии хатмкунандагони факултетҳои тиббию фарматсевтӣ ва супоридани дипломҳои аълочӣ ба хатмкунандагони ихтисосҳои марбутаи Донишгоҳ баргузор гардид. Дар чорабинӣ 371 нафар хатмкунандаи Донишгоҳ, ки давраҳои таҳсилро бо баҳои аъло ва интизоми намунавӣ ба анҷом расонидаанд, дипломи аълочӣ дода шуд.

Дар оғози чорабинӣ Суруди миллӣ садо дода, баъдан ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин хатмкунандагонро самимона табрик намуда, таъкид дошт, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бузурги таълимию илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар омода намудани мутахассисон барои соҳаи гуногуни иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда дорад. Гуфта шуд, ки Донишгоҳ дар самти татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешсаф мебошад.

Дар идома устоди факултети филология Аламхон Кӯчарзода аз номи устодони Донишгоҳ тамоми гирандагони дипломи сурхро табрик намуда, дар иҷрои фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳои назаррасро таманно дошт.

Дар идомаи чорабинӣ хатмкунандагони факултетҳои тиббию фарматсевтӣ чун анъанаи неки соҳаи тиб савганди садоқат ёд намуданд.

Сипас Дилшод Зайнуллоев – хатмкунандаи факултети тиббӣ ва Шукронаи Тоҳирӣ – хатмкунандаи факултети ҳуқуқшиносӣ аз номи хатмкунандагон ва гирандагони дипломи сурх суханронӣ намуда, ба роҳбарият ва коллективи устодону кормандони Донишгоҳ изҳори сипос намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ таҳти мусиқии рамзӣ намунаи дипломи аъло ба саҳна ворид гардид ва ректори донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. ҳамроҳ бо садорати факултетҳо ба хатмкунандагон димломҳои сурхро супориданд. Ҳамзамон, ба чанеде аз хонандагони Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳ аттестати аъло супорида шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар тантанаи супоридани дипломҳои аъло роҳбарияти сохторҳои гуногуни Донишгоҳ ва волидайну наздикони чанде аз хатмкунандагон иштирок доштанд.