ТАҚДИМИ ГУВОҲНОМАҲО БАРОИ КОРШИНОСОН

189

Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими супоридани гувоҳномаҳо барои коршиносон (омӯзгор-тренер)- и масъалаҳои интихоботӣ баргузор гардид. Ин курси омӯзишӣ аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.

Дар маросими супоридани гувоҳномаҳо Раиси комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр, роҳбарияти Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва устодони факултети ҳуқуқшиносӣ иштирок намудаанд.

Мавриди зикр аст, ки аксари шунавандагони ин марҳилаи омӯзиширо чун анъанаи роиҷ устодону омӯзгорони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташкил медиҳад. Тавре Раиси комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр таъкид намуданд, дар ин самт дар баробари дигар ниҳодҳо ҷалб гардидани устодони ин факултет бесабаб нест. Зеро факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази пурқуввати илмиву таълимии кишвар дар соҳаи мазкур маҳсуб меёбад.

Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ профессор Эмомалӣ Насриддинзода низ таъкид намуд, ки аз ин таваҷҷӯҳу эътимоди ниҳодҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ миннатпазиранд ва ҳайати бузурги устодону муҳаққиқони донишгоҳ имрӯзу оянда низ ҳамеша дар татбиқи ҳамаҷонибаи сиёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омода мебошанд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар семинар тренинги мазкур як қатор устодони ҷавони болаёқати факултети ҳуқуқшиносӣ ҷалб гардида буданд. Онҳо дар заминаи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бо донишҳои ихтисосӣ дар баланд гардидани маърифати ҳуқуқии ҷомеа дар раванди интихоботи воқеан демократӣ саҳми сазовор гузошта метавонанд.

Воқеан мақсади асосии ин семинар тренинг он аст, ки устодони мазкур дар раванди интихобот дар фаҳмондадиҳии муқаррароти қонунгузории интихобот иштирок намоянд. Сӯҳбату вохӯриҳо ва аз равзанаи ҳуқуқӣ шарҳу тавзеҳ додани ҳама нуқтаҳо барои боз ҳам шаффофу демократӣ гузаштани интихобот мусоидат карда метавонад.

Аз рӯи низому муқарароти қонунгузорӣ онҳо ҳамчун гурӯҳи коршиносон онҳо ба шаҳру ноҳияву вилоятҳо сафарбар мегарданд.

Дар ҳақиқат, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳама чорабиниҳо ва маъракаҳои муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок менамоянд. Ҳамчун маркази бузурги илмиву зеҳнӣ ДМТ дар заминаи эътимоду бовариҳо дар татбиқи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ нақши густурдаву васеъ пайдо кардааст.