ТАҚДИМИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ БА УСТОДОНИ ДОНИШГОҲ ДАР ҲАМОИШИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВӢ

153

Имрӯз (05.09.2025) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию назариявӣ таҳти унвони «Пешвои миллат – кафили соҳибистиқлолӣ ва зиндагии шоиста» баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Дилрабо Мансурӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани муқаддимавии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Э.С. оғоз ёфт. Зимни суханронӣ ректори Донишгоҳ 34-солагии Истиқлолро муҳимтарин дастоварди давлату миллати тоҷик арзёбӣ намуд.

Муҳтарам Дилрабо Мансурӣ дар баромади худ аҳаммияти таърихӣ ва сарнавиштсозии Истиқлоли давлатӣ, нақши Роҳбари давлат — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди давлати миллӣ, таҳкими сулҳу субот, рушди соҳаҳои ҳаётан муҳимми кишвар ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум таъкид намуданд.

Сипас, ба як зумра устодону кормандони Донишгоҳ барои фаъолияти самаранок дар соҳаи маориф ва саҳми арзандаашон дар рушди илму таълим бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд. Аз ҷумла, медали «Хизмати шоиста» ба Акрамӣ Санавбарг, Давлатмандзода Эраҷ, Одиназода Сафаргул, Ҳошимзода Бахтиёр, Тоҳирзода Раҷабмоҳ, Хайруллозода Шамсулло, Ҳайдарова Сурайё, Шерматов Раҷаб, Юсуфӣ Шодипур ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раҷабализода Акмал тақдим гардиданд, ки ин иқдом нишони қадршиносӣ аз заҳматҳои омӯзгорону кормандон мебошад.

Дар идомаи ҳамоиш, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷии факултети таърихи Донишгоҳи миллӣ Умаров Абдуллохоҷа ва доктори илмҳои филология, профессор, мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи ДМТ Ҷӯраева Мушаррафа бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.

Ёдовар мешавем, ки санаи 25.08.2025 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супориданд.

Боиси ифтихор аст, ки дар миёни сарфарозшудагон бо мукофотҳову ҷоизаҳои давлатӣ зумрае аз устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буданд.

Аз ҷумла, Мақсудзода Бадриддин – профессори факултети филология ва Комилзода Қосим – профессори факултети физика бо унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, Ҷӯразода Хайрулло ва Шерзода Нурмаҳмад – докторони илмҳои физикаю математика бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2025, Мирализода Эмомалӣ – ёвари ректори ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, Икромӣ Фазлиддин – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент ва Наимзода Носир – ассистенти кафедраи химияи татбиқии факултети химия, дотсент бо Ҷоизаи “Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника” сарфароз гардиданд.