ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ОМӮЗИШИ ИЛМҲОИ ЯХШИНОСӢ: ҲАМОИШИ ИЛМӢ ДАР ДОНИШГОҲ

38

Имрӯз (12.06.2025) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ бахшида ба оғози “Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034” таҳти унвони “Ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва нигоҳ доштани устувории муҳити зист” баргузор гардид.

Ҳамоиши мазкур дар партави суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд, ки рӯзҳои 8-9-уми майи соли 2025 дар шаҳри Нитсаи Ҷумҳурии Фаронса баргузор гардид, доир шуд.

Дар ҳамоиш устодону муҳаққиқон ва донишҷӯёни Донишгоҳ иштирок намуда, маърӯзаҳои илмии Давлатзода Ф., дотсент ва мудири кафедраи гидрогеология ва геологияи муҳандисии факултети геология ва Маликов К.К., дотсенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДМТ шунида шуданд.

Муовини ректори ДМТ оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. дар суханронии ифтитоҳии худ зикр кард, ки баргузории чунин чорабинии байналмилалӣ иқдоми муҳим ва таърихист, ки ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳифзи бахши яхбастаи Замин – криосфера, ки пиряхҳоро дар бар мегирад – муттаҳид менамояд.

Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи ҳифзи муҳити зист ва махсусан ҳифзи захираҳои обӣ, аз ҷумла пиряхҳо, дар сатҳи байналмилалӣ пешсаф аст. Зикр шуд, ки Пешвои миллат дар суханронии худ (шаҳри Нитса, Фаронса) изҳор намуданд, ки то 60 фоизи пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар қаламрави Тоҷикистон воқеъанд. Ин на танҳо мояи ифтихор, балки масъулияти бузург барои ҳифзи ин сарвати нодири табиӣ мебошад.

Мувофиқи таҳқиқоти охирин, раванди обшавии пиряхҳо бо суръати ташвишовар идома дорад, ки метавонад ба экосистема, иқтисодиёт ва таъминоти оби нӯшокии минтақа таъсири ҷиддӣ расонад. Бо дарназардошти ин таҳдидҳо, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон гардида, дар шаҳри Душанбе Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ таъсис дода шавад.

Дар идомаи ҳамоиш таъкид шуд, ки Даҳсолаи байналмилалии илмҳои криосферӣ (2025-2034) имкон фароҳам меорад, то ҷомеаи илмӣ, сиёсӣ ва шаҳрвандӣ якҷо дар таҳқиқ, омӯзиш ва татбиқи тадбирҳои муассир барои ҳифзи пиряхҳо саҳм гузоранд.

Дар анҷоми ҳамоиш ба зарурати ҷалби мутахассисони ҷавон, тавсеаи таҳқиқоти академӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ишора гардид. Таъкид шуд, ки чунин ҳамоишҳо минбаъд низ дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои дахлдор идома дода шаванд.