ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР ДОНИШГОҲ

729

Имрӯз ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. кормандоне, ки ба вазифаҳои нав таъйин шуданд, муаррифӣ намуда, дар самти иҷрои вазифаҳои хидматӣ муваффақиятҳо таманно намуд.

Гуфта шуд, ки дар мувофиқа бо муассиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳайати кадрии донишгоҳ тағйирот сурат гирифт. Аз ҷумла, Ғаффорзода Илёсҷон – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ДМТ ба вазифаи иҷрокунандаи вазифаи муовини ректори ДМТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Қодирзода Фарҳод Анвар – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, декани факултети муштараки ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Белорус ба вазифаи иҷрокунандаи вазифаи муовини ректори ДМТ оид ба иқтисод ва иҷтимоиёт, Мирзамонзода Хайрулло Мирзамон ба вазифаи иҷрокунандаи директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ДМТ ва Қодирзода Зафар – муовини декани факултети физика ба вазифаи иҷрокунандаи декани факултети физика таъин шуданд.

Ҳамзамон, чанде пеш чунин тағйироти кадрӣ дар сохтори дигари донишгоҳ низ ба амал омада буд. Собирзода Нуралӣ Миралӣ – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии донишгоҳ ба вазифаи муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим таъин шуд. Инчунин, Қурбонализода Нурулло Шамсулло- номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент иҷрокунандаи вазифаи декани факултети ҳуқуқшиносӣ, Андамов Раҷабалӣ Шамсович, номзади илмҳои геология ва минералогия, дотсенти факултети геология ба вазифаи иҷрокунандаи вазифаи декани факултети геология, Қосимов Исмоил Латипович – дотсент, мушовири академии дараҷаи 1-уми декани факултети муштараки ДМТ бо МТО Белорус ба вазифаи иҷрокунандаи вазифаи декани факултети механикаю математика, Ҷаъфарзода Саидҳомид- дотсенти факултети муносибатҳои байналхалқӣ ба вазифаи иҷрокунандаи вазифаи декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ ва Раҷабзода Фаридуни Кишвар – номзади илмҳои биология, дотсент, сармутахассиси шуъбаи назорати сифати таҳсилоти раёсати таълими донишгоҳ иҷрокунандаи вазифаи декани факултети фарматсевтии донишгоҳ интихоб шуданд.