ТАҲКИМ БАХШИДА ҲАМКОРИҲО

458

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо чанде аз донишгоҳҳои Ҷумҳурии Қазоқистон равобити судманд дорад, ки рӯз то рӯз дар самтҳои мухталиф ҳамкориҳо густариш меёбанд. Донишгоҳи техникии Қазоқистони Шарқӣ ба номи Д.Серикбаев аз ҷумлаи онҳо мебошад, ки имрӯз равобити ҳамкориҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Имрӯз (06.06.2022) намояндагони донишгоҳи мазкур: муовини ректор оид ба фаъолияти академӣ Конурбаева Ж.Т. ва декани факултети бизнес ва соҳибкорӣ Закимова А.М. ҷиҳати такмил додани табодули устодону донишҷӯён, баргузории ҳамоишҳои илмӣ-таълимӣ дар самтҳои гуногун ва дар умум мустаҳкам намудани робитаҳои дуҷониба ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварданд.

Меҳмононро ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Мирзамонзода Х.М. истиқбол намуданд. Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди илму таълим ва равобити байналмилалиро баррасӣ карданд.