ТАҲКИМИ МАЪРИФАТИ ФАРҲАНГӢ: ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ФИЛМИ “МОҲӢ ДАР ШАСТ”

10

Имрӯз (11.04.2026) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва омӯзгоорону кормандон тамошои дастаҷамъонаи филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст” роҳандозӣ шуд.

Муаллифи сенария тавонистааст, ки филмро доир ба ҳаёти як писарбачаи хурдсол бо номи Далер, ки дар яке аз мактаб-интернатҳои кишвар тарбият мегирифт, таҳия намуда, дар он хусусиятҳои инсондӯстӣ, зиракӣ ва дарки баланди худшиносии миллӣ инъикос ёфтааст.

Ба назари бинанда, тамошои чунин филмҳои хусусияти тарбиявидошта, ба ташаккули шахсият ва неруи созандаи насли ҷавон мусоидат хоҳад кард.