ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ АЗ ТАРБИЯИ ДУРУСТИ ҶАВОНОН ВОБАСТА АСТ

143

Дар замони ҷаҳонишавӣ моро зарур аст, ки баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон тамоми азму талоши худро ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат равона карда, ободии имрӯзу фардои кишварро таъмин намоем ва нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву тахрибкорӣ ва тундравию таассуб ба тафаккури мардуми мо, ба хусус ҷавонон, нуфуз пайдо кунанд.

Ин нукта имрӯз дар вохӯрии намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни ДМТ ироа гардид. Вохӯрии мазкур дар доираи Нақшаи муштараки баргузории силсилаи мулоқоту вохӯриҳои сохторҳои дахлдор дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар нимсолаи дуюми соли 2023 аз ҷониби масъулини Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир шуд.

Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, амали намудани «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030″, «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризму экстремизм барои солҳои 2021-2025», таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, экстремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, инчунин, ташкили оилаи солиму ҷомеаи солим аз ҷумлаи масъалаҳои нишаст буданд.

Фаридун Ҳусензода – намояндаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Мардихудо Давлатов – мудири шуъбаи ҷавонони ДМТ аз ҷумлаи иштирокчиён буданд, ки зимни суханронии хеш ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти ҷавононро мавриди баррасӣ қарор дода, иброз доштанд, ки имрӯз аксар мардуми шарифи кишвар сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва оромиву пешрафти ҷомеаро хуб эҳсос намуда, дар ҳама ҳолат ва дар ҳар гуна вазъият ҳимояву ҳифозати манфиатҳои олии миллӣ иборат аз таъмини истиқлолу озодӣ, тамомияти арзӣ ва суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори кишварро меҳвари фаъолияти худ қарор додаанд. Зимнан таъкид шуд, ки таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ аз тарбияи дурусти ҷавонон вобаста аст.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷиҳати рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба ва саҳми назаррас дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон чанд нафар кормандону донишҷӯёни донишгоҳ бо Сипосномаҳои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.