ТАҲКИМИ РОБИТАҲОИ ИЛМӢ БО ТУРКИЯ

659

Ҳадаф аз ташриф ва мулоқоти худро сафири Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеке Карагёлов бо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва муовини ректор оид ба равобити байналмилалӣ Мирзамонзода Х.М. қавӣ намудани ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ намуд.

Зимнан ректори донишгоҳ оид ба вазъи илму таълим дар донишгоҳ ва ҳамкориҳои он бо сохторҳои илмию таълимии хориҷи кишвар суханронӣ кард.

Диққати меҳмон бештар дар самти баргузории ҳамоишҳои илмию таълимӣ ва табодули устодону кормандон ҷалб шуд. Гуфта шуд, ки дар робита ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Туркия ва рушди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Туркия чорабиниҳо бояд роҳандозӣ шавад ва барои ташрифи меҳмонони олиқадр ба донишгоҳ, инчунин, ҷиҳати баргузории нишастҳои илмӣ-амалӣ ҳамкориҳо густариш ёбанд.

  Дар охир ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаи хотиравӣ супорида шуд.