ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ КУҲАНБУНЁДИ ТОҶИКОН ДАР ДМТ

300

Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, дар натиҷаи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идҳои таърихӣ, аз ҷумла иди Меҳргон эҳё гардид. Сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки ниёгони мо дар ин рӯз либосҳои идонаи арғувонӣ пӯшида, ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик мекарданд.

Имрӯз (27.10.2023) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷашни куҳанбунёди тоҷикон – Меҳргон дар сатҳи баланд таҷлил гардид.

Намояндагони сохторҳои мухталифи донишгоҳ аз дастархони идонаи чанде аз факултетҳои донишгоҳ, ки фарогири меваю сабзавоти ватанӣ ва гушае аз ҳунарҳои мардумӣ буд, боздид намуданд.

Сипас дар толори фарҳангии Донишкадаи Конфутсий бо иштироки меҳмонону устодони донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни суханронии худ зикр кард, ки Иди Меҳргон ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил гардида, мисли ҷашнҳои таърихии Наврӯз, Сада, Тиргон аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод маҳсуб мешавад. Меҳргон чун дигар ҷашну идҳои миллати куҳанбунёди тоҷик бо ибтикори таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида, ҳамасола мо онро ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил менамоем.

«Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати оини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст» – гуфтааст Пешвои муаззами миллат.

Дар идома, намояндаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Сайдалӣ Гулов, профессори кафедраи ботаникаи ДМТ Сафарбек Раҳимов доир ба таърихи ҷашни Меҳргон суханронӣ карда, таъкид дошт, ки гузаштагони мо онро ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳматҳои кишоварзон ҷашн мегирифтанд.

«Ба ҷашни Меҳргон истиқлолият умри дубора бахшид. Таҷлили иди Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 таҳти рақами 538, дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомат ба роҳ монда шудааст. Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғaллaкopoн, бoғy токпарварон, чорводорон, механизаторони меҳнатқарин бо ғaйpaти дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти давлати тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд»- таъкид шуд дар чорабинӣ.

Дар интиҳои чорабинӣ аз тарафи ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ барномаи хотирмони фарҳангӣ -фароғатӣ пешниҳод гардид.