ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ДАР ЛИТСЕЙИ ДОНИШГОҲ

8

Имрӯз дар Литсейи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид. Хонандагони литсей ин рӯзи фархундаро бо баргузории ҷамъомади адабӣ ва фарҳангӣ истиқбол гирифта, маҳорати эҷодӣ ва ҳунарии худро ба намоиш гузоштанд.

Дар чорабинии мазкур ассистенти кафедраи ҳуқуқи инсони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муъминзода Муҳаммадшариф ва омӯзгори фанни таърихи Литсей Исоев Султоншо суханронӣ намуда, хонандагонро ба муносибати Рӯзи кӯдакон самимона табрик гуфтанд.

Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки кӯдакон ояндаи ҷомеа буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбия, рушди маънавию зеҳнии онҳо аз вазифаҳои муҳимми ҷомеа маҳсуб меёбад.

Чорабинӣ дар фазои идона, шодиву сурур ва руҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, ба иштирокчиён таассуроти нек бахшид.