ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ

16

Имрӯз (14.11.2025) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – Пешво ва ифтихори миллат» баргузор гардид.

Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани муқаддимавии муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Раҷабзода Ф.К. ифтитоҳ ёфт. Зимнан Раҷабзода Ф.К. аз нақши таърихии Иҷлосия, хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлатдорӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа таъкид намуд.

Дар идомаи ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносӣ Маҳмудов Изатулло, инчунин доктори илмҳои фалсафа, дотсент, мудири кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ Амирхон Шоҳҳусайн Талбонӣ суханронӣ намуданд.

Устодон баён доштанд, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ барои миллати тоҷик такягоҳи эҳёи давлатдорӣ гардида, маҳз дар ҳамон марҳала роҳандозии сиёсати давлатдорӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кишвар оғоз ёфт. Ҳамчунин, нақши Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот, ҳифзи ваҳдати миллӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни кишвар зикр гардид.

Дар анҷом барномаи фарҳангӣ-фароғатии ансамбли халқии “Наврӯз”-и Донишгоҳ бо иштироки сарояндагони маъруфи ҷумҳурӣ намоиш дода шуд.