ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ДМТ

37

Имрӯз (21.02.2025) бахшида ба 32-юмин солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ – фарҳангӣ баргузор гардид.

Нахуст ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. ва зумрае аз роҳбарони сохторҳои гуногуни Донишгоҳ аз кафедраи ҳарбии Донишгоҳ, аз ҷумла аз парки мошинҳои таълимӣ, ҷараёни дастҳои тайёрии оташфишонӣ, тайёрии техникаи махсус ва синфхонаи сикли тайёрии радиоалоқа дидан намуданд.

Сипас бо иштироки роҳбарияти Донишгоҳ ва афсарону донишҷӯёни кафедраи ҳарбӣ дар толори калони Донишгоҳ барномаи фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид.

Зимни суханронӣ ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С., афсарону омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба муносибати 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, зикр кард, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат яке аз шоҳсутунҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон маҳсуб ёфта, кафили сулҳу субот, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ва дар маҷмуъ, таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат мебошад.

Дар идомаи суҳбат ректори Донишгоҳ ҷавононро ба хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ҳидоят карда, таъкид намуданд, ки муқаддастарин арзиши ҳаёт-дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани марзу буми Ватан мебошад.

Зимнан намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотамшо Одинаев, Салимзода Абдулфайз ва номзади илмҳои таърих, дотсент, директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллатҶамолиддин Шарифзода суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки 32 сол пеш маҳз бо талош ва ҷоннисориҳои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти ниҳоят душвор ва тақдирсоз таъсис дода шуд. Таъкид гардид, ки хизмат намудан ба Ватан ва миллати худ барои ҳар ҷавонмард, ки миллату давлат, марзу бум, инчунин, волидайну наздиконаш барояш азиз мебошанд, қарзи муқаддас ва мояи шарафу ифтихор аст.

Дар чорабинӣ як зумра устодону кормандони Донишгоҳ ва афсарони кафедраи ҳарбӣ бо Ифтихорномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Донишгоҳ қадрдонӣ шуданд.

Дар хотимаи чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ аз ҷониби ансамбли халқии “Наврӯз”-и Донишгоҳ пешкаши иштирокчиён гардид.