ТАҶЛИЛИ ИДИ КАСБӢ ВА ҚАДРШИНОСИИ РӮЗНОМАНИГОРОН

225

Ҳамасола дар ҷумҳурӣ 11-уми март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат имрӯз дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили «Ҳамзамон» таҳти унвони «Дирӯз, имрӯз ва фардои матбуот» баргузор гардид, ки дар он рӯзноманигорон ва собиқадорони матбуоти даврӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. аҳли нишастро ба муносибати Рӯзи матбуот – 11-уми март самимона табрик гуфта, ба эшон тандурустиву рӯзгори обод таманно намуданд. Мавсуф иброз доштанд, ки дар шароити муосир дар рӯзгори мо нақши воситаҳои ахбори омма торафт меафзояд. Зеро расонаҳо оинаи зиндагӣ буда, дар онҳо набзи зиндагӣ инъикос ва таҳлилу баррасӣ мегардад. Ҳамин андешаро дар нисбати матбуоти тоҷик метавон баён кард. Таърихи матбуоти тоҷик моломоли талошҳои созандаву пуршараф аст. Матбуоти тоҷик низ дар таърихи 111-солаи худ дар роҳи пешрафт ва ташаккули афкори ҷомеа, тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу умумибашарӣ новобаста аз сиёсати замон содиқ будаву ҳаст.

Сипас намояндагони сохторҳои гуногун, аз ҷумла Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радио ва роҳбарияти чанде аз нашрияҳои даврӣ сухани табрикотӣ намуда, нақши ВАО-ро дар ҳифзи дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Ҳамзамон, мудири кафедраи матбуот Н.Усмонова дар робита ба самтҳои гуногуни ВАО маърӯза намуд.

Дар чорабинии мазкур аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо нишони сарисинагии “100 солагии матбуоти тоҷик” ва муовини аввал, муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим Собирзода Н.М. бо Ифтихорномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ зумрае аз роҳбарон ва намояндагони ВАО бо Ифтихорномаи ДМТ ва чанде аз рӯзноманигорон ҷиҳати ҳамкориҳои пайваста бо мукофотпулӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

Ректори донишгоҳ зимни сухани хотимавии хеш дар робита ба рушди ҳамкориҳо, таъсиси телевизиони донишгоҳ дар пояи факултети журналистика, баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ пешниҳодҳои судманд намуданд.