ТАҶЛИЛИ МЕҲРГОН – ҶАШНИ ФАРОВОНӢ ВА ДӮСТӢ

30

Имрӯз (16.10.2025) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Иди бостонии Меҳргон – яке аз куҳантарин ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.

Ҷашни мазкур дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009, №538, ҳамасола дар саросари кишвар якшанбеи сеюми моҳи октябр баргузор гардида, ифодаи арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихиву фарҳангии миллат мебошад.

Чорабинии идона бо боздиди намояндагони сохторҳои гуногуни Донишгоҳ аз гӯшаҳои идонаи факултетҳо оғоз ёфт, ки дар онҳо анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзии ватанӣ, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва дастархони миллӣ ба намоиш гузошта шуда буданд.

Сипас, дар толори калони Донишгоҳ маҷлиси тантанавӣ ва чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Насриддинзода Э. С. зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки меҳргон ҷашни тирамоҳии сол ба шумор рафта, гузаштагони мо онро ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор менамуданд ва ба ин васила ба пайванди инсон ва табиат арҷ мегузоштанд.
Ҳамин тариқ, ҷашни Меҳргон на танҳо як анъанаи куҳани фарҳангист, балки ҷашни сарҷамъӣ, заҳмат, қадршиносӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ устодони донишгоҳ – профессор Равшан Раҳмонӣ ва дотсент Маҳмадшариф Бутаев дар бораи пайдоиш, ҷойгоҳ ва аҳамияти ҷашни Меҳргон дар таърихи тамаддуни тоҷикон маърӯза намуданд.

Таъкид гардид, ки гузаштагони мо ин рӯзро ҳамчун иди табиат, фаровонӣ ва шукргузорӣ аз неъматҳои офариниш таҷлил менамуданд. Ин иди шукргузорӣ на танҳо намоиши неъматҳои бо арақи ҷабини деҳқон рӯёндашударо фаро мегирад, балки як майдони омӯзиш ва табодули таҷриба барои кишоварзон низ ҳаст. Дар доираи баргузории он, деҳқонон ва мутахассисони соҳа метавонанд аз навъҳои гуногуни зироат, хусусиятҳои иқлимӣ ва роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокӣ маълумот пайдо намоянд.

Дар баробари ин, Меҳргон ҳамчун як ҷашни маънавӣ, дар тарбияи насли ҷавон нақши муҳим мебозад. Он ба ҷавонон ғизои маънавӣ мебахшад, онҳоро ба меҳнатдӯстӣ, эҳтиром ба замин ва арҷгузорӣ ба заҳмати мардум ҳидоят менамояд. Арҷгузорӣ ба чунин ҷашнҳо маънои пос доштани фарҳанги ниёгон, эҳёи ифтихори миллӣ ва пайванди наслҳоро дорад.

Дар бахши фароғатии чорабинӣ ансамбли халқии «Наврӯз»-и Донишгоҳ барномаи рангини фарҳангӣ-фароғатӣ пешкаш намуда, ба руҳияи идонаи ҷамъомад ранги тоза бахшид.