ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ ДАР ДМТ

151

Имрӯз (27.09.2024) дарпояи кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣсеминари илмию назариявӣ таҳти унвони “Дастовардҳои сайёҳӣ дар даврони Истиқлол”доир гардид, ки дар кори он устодону коршиносони соҳа ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.

Нахуст декани факултети молиявию иқтисодӣ Сафарбек Саъдуллозода сухан намуда, зикр кард, ки соҳаи сайёҳӣ яке аз сарчашмаҳои даромади аҳолӣ, ғанигардонии буҷети давлат ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, аз ҷумла қалби сармоягузориҳо дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ саҳми назаррасро ихтисос намудааст.

Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои охир дар самти пешравии устувори сиёсати давлат дар соҳаи сайёҳӣ дастовардҳо зиёд гардида, дар натиҷаи ин тадбирҳо ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.

Ҳамзамон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Умаров Ҳ.У. доир ба мавзуи “Проблемаҳои назариявии рушди соҳаи сайёҳй дар Тоҷикистон”, н.и.г., дотсент Диловаров Р.Д. оид ба “Мафҳуми илмии шароит ва сарватҳои табии туристӣ”, н.и.и., дотсент Ғафуров А.Т. доир ба “Рушди саноати сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои истиқлол”, н.и.и., дотсент Сайфуллоев Н.Н. оид ба “Нақши экосайёҳӣ дар ташаккули комплекси сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” марӯзаҳо намуданд.

Зикр гардид, ки сайёҳӣ ҳамчун воситаи собитшудаи ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ соҳаи таъсисдиҳандаи ҷойҳои нави корӣ, манбаи даромади аҳолӣ ва ғанигардонии буҷети давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ маҳсуб мешавад. Ба ибораи дигар, дар шароити ҷаҳонишавӣ сайёҳӣ мавқеи устувор касб намуда, ба шуғли дӯстдошта ва доимии мардумони сайёра мубаддал гаштааст.

Ҳамзамон, мудири кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳӣ, дотсент Имомёрбеков Ф.М. иттилоъ дод, ки имрӯз дар факултети молиявию иқтисодӣ донишҷӯён аз рӯи ихтисоси иқтисод ва идораи сайёҳӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Тарбия ва бозомӯзии кадрҳои баландихтисос дар соҳаҳои сайёҳӣ яке аз масъалаҳои муҳим буда, барои тайёр намудани мутахассисони соҳа устодони соҳибтаҷриба нақши бориз доранд. Сайёҳӣ на танҳо сарчашмаи рушди иқтисодӣ, балки воситаи пешбурди фарҳанг, пайванди тамаддунҳо, ҳамкории байналмилалӣ ва таҳкими сулҳу дӯстӣ байни халқу давлатҳо маҳсуб мешавад.

Инчунин, баҳри баланд бардоштани маърифати сайёҳии донишҷӯён дар факултет олимпиадаи донишгоҳии тахассусӣ аз фанни географияи иқтисодӣ, миёни донишҷӯён ва магистрантон баргузор карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки 27 сентябр Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ маҳсуб мешавад, ки ҳадаф аз он тарғиби сайёҳӣ, инъикоси нақши он дар рушди иқтисоди миллӣ ва ҷаҳонӣ, рушди муносибатҳои сокинони сайёра ба шумор меравад.