ТАҶРИБАОМӮЗӢ ДАР ДАФТАРИ ЮНИСЕФ

890

Имрӯз (13.04.2022) намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ҷаноби Осама Маккавӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. мулоқот намуд.

Зимнан Ректори донишгоҳ меҳмони олиқадрро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки Донишгоҳи миллӣ ҳамкориро дар самти таҷрибаомӯзӣ бо ниҳодҳои гуногуни дохил ва хориҷи кишвар судманд ба роҳ мондааст.

Осама Маккавӣ ҳадафи ташрифи худро ба донишгоҳ густариш додани ҳамкориҳои судманд дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла сарпарастӣ намудани таҷрибаомӯзӣ дар дафтардории худ арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки дар заминаи факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ таҷрибаомӯзӣ бо ЮНИСЕФ дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва таъмини шароити арзандаи онҳо хуб ба роҳ монда шавад.

 Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар самти таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ташкили семинарҳои омӯзишӣ ва ҷалби донишҷӯён ба ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ табодули афкор намуда, дар натиҷа шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Ёдрас мешавем, ки сармояи асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин сармояи инсонии он ба ҳисоб меравад ва онро метавон тавассути сармоягузорӣ дар соҳаи таҳсилот таҳким бахшид. Таҳсилот бошад аз овони хурдӣ оғоз меёбад. Аз ин рӯ, фаъолияти Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ба унвонии созмони муҳташам дар таҳким ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак тули солҳои зиёд аст, ки самараи нек ба бор меорад ва омода намудани мутахассисион дар ин самт талаботи ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад.