Санаҳои 2-3 июни соли 2026 донишҷӯёни курси якуми факултет таҳти роҳбарии омӯзгорони факултет дар доираи таҷрибаомӯзии таълимӣ аз фанни геология ба минтақаҳои Сангғалт, шохоби чапи дарёи Зидеҳ, Обишӯр, чини антиклиналӣ ва «Кони Студенческий» сафар намуда, бо хусусиятҳои геологӣ ва геоморфологии ин мавзеъҳо аз наздик шинос гардиданд.
Дар ҷараёни таҷрибаомӯзӣ донишҷӯён равандҳои фаъолияти геологии дарёҳо, намудҳои фарсоиши қишрӣ, карстпайдошавӣ, селпайдошавӣ, инчунин равандҳои геодинамикии гравитатсиониро мавриди омӯзиш қарор доданд. Ҳамзамон онҳо бо таркиб ва хусусиятҳои гуногуни ҷинсҳои кӯҳӣ, сохтори геологии минтақа ва шароити хобиши қабатҳои таҳшинӣ, ки ба давраҳои табошир, палеоген, неоген ва чорум мансуб мебошанд, шинос шуданд.
Таҷрибаомӯзии мазкур барои таҳкими донишҳои назариявии донишҷӯён, рушди малакаҳои амалии саҳроӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии онҳо аҳаммияти муҳим дорад.








