ТАҲСИЛ ДАР ЗИНАҲОИ ГУНОГУН ДАР ДОНИШГОҲҲОИ БОНУФУЗИ ҶОПОН

81

Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари Лоиҳаи JDS дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рӯнамои «Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Ҷопон (Лоиҳаи JDS) барои интихоб ва сафарбарии хизматчиёни давлатии Тоҷикистон дар зинаи магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон дар соли 2023 ва бомуваффақона амалӣ намудани лоиҳаи мазкур дар соли 2023 чорабинии тарғиботӣ-ташвиқотӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Дафтари Лоиҳаи JDS дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.