ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ

351

Дар доираи лоиҳаи “Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат” аз 12 то 14-уми августи соли ҷорӣ семинари омӯзишӣ миёни омӯзгорону мутахассисони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар баргузор гардид, ки намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷумлаи иштирокчиёни он буданд.

Гуфта мешавад, ки санаи 12-уми август маросими муаррифии лоиҳаи ҷадид “Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат” бо иштироки муовини Вазири маориф ва илм Шукрулло Хайрзода, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ Тигран Шмис, сардорони раёсату шуъбаҳо ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат, мушовирони маҳаллӣ ва дигар намояндагон доир гардид. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Вазорати маориф ва илм бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ роҳандозӣ мегардад.

Мақсади амалигардонии лоиҳаи мазкур, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва омӯзиш дар ҳар зинаи таҳсилот мебошад. Лоиҳаи “Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат” аз се қисмат ва зерқисматҳо иборат буда, татбиқи он 6 солро дар бар мегирад.