«Таҳсилоти журналистӣ дар Тоҷикистон» нашр шуд

505

“Таҳсилоти журналистӣ дар Тоҷикистон: вазъият, мушкилот ва пешомад”. Таҳти ин унвон матбааи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҷмӯаи мақолаҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалиро нашр намуд.


Маҷмӯа 50 маводи назариявӣ, илмӣ ва илмӣ-оммавии иштирокчиён ва маърӯзачиёни конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалиро дар ҳамин мавзӯъ, ки бо ташаббуси кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рӯзи 18 марти соли 2022 баргузор гардид, фаро мегирад. Он аз 312 саҳифа иборат аст.
Бино ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди воситаҳои ахбори омма чун ҳамаи соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа ва давлат бидуни кадрҳои болаёқат ва мутахассисони варзида ғайриимкон аст. Мустаҳкам намудани заминаи моддиву техникии шуъбаю факултетҳои дахлдор дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ҷалби мутахассисони баландихтисос ва ботаҷрибаи соҳа ба раванди тарбияи кадрҳо, ҷорӣкардани усулҳои нави таълим, ташкили студияҳои таълимӣ, ба роҳ мондани такмили ихтисоси кормандон дар дохили мамлакат ва хориҷаз самтҳои асосӣ мебошанд.


Мақолаҳо дар се бахши мукаммал – “Қолабҳои нави корӣ ва методикаи таълими журналистика», «Нақши ВЭА дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ дар шароити муосир” ва “Истифодаи технологияҳои нав дар раванди таҳсилоти журналистӣ» гирд оварда шудаанд.
Маҷмӯаи мазкурро номзади илми филология, дотсент Ҳамидиён Илҳомҷон Иномзода (Илхомчон Хамидиён) мураттиб намуда, ба он номзади илми филология, дотсент, мудири кафедраи телевизион ва радиошунавонии ДМТ Гулов Сангин Нурович (Сангин Гулов) муҳаррирӣ карданд.


Доктори илми филология, профессори ДМТ Муродӣ Мурод Бердӣ (Мурод Муродӣ), доктори илми филология, профессори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Муъминҷонов Зулфиддин (Муъминчонов Зулфиддин) ва номзади илми филология, дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шоҳиён Маҳмуд Эргаш (Махмудхон Шоев) ба китоб тақриз навиштанд.


Маҷмӯи ҳамчун манбаи мукаммали иттилоотию таҳлилӣ ба 25-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ бахшида шуда, ба доираи васеи хонандагон тавсия мегардад.


Алоқамандон метавонанд нусхаи электронии маҷмӯаро аз сомонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ё бахши илм дастрас намоянд.