ТАҚВИЯТ ДОДАНИ МАДАНИЯТИ ШАҲРНИШИНӢ ВА ПЕШГИРӢ АЗ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ МИЁНИ ҶАВОНОН

337

Имрӯз (03.10.2023) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов, муовини Прокурори шаҳри Душанбе мушовири адлияи дараҷаи 1 Раҷабзода Мутеулло Сафаралӣ, муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Раҳимзода Умед Назаралӣ, сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Наврӯз Довудхуҷа, намояндаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе подполковники адлия Музаффаров Убайдулло, ректорон, муовинони ректор ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе, инчунин омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ баргузор гардид.

Бояд иброз намуд, ки қисмати аввали чорабинӣ ба муносибати Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ бахшида шуда, қисмати дуюми он татбиқи нақшаи чарабиниҳои муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи пойтахт бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, ки дар доираи дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст дар бар гирифт.

Бояд гуфт ки фаъолияти муштараки сохторҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ, дар доираи он бо донишҷӯёни курсҳои якуми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе вобаста ба таъмини маданияти шаҳрнишинӣ, баланд бардоштани руҳияи ҷавонон дар самти тарбияи ватандӯстӣ, таҳкими ҳуввияти миллӣ, хизмати Модар – Ватан, зиракии сиёсӣ, пешгирии падидаҳои номатлуб, бегонапарастӣ, пешгирии исрофкориву хурофотпарастӣ ва эмин будан аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд.

Пеш аз оғози чорабинии илмӣ – маърифатӣ меҳмонон аз Осорхонаи Пешвои миллат, Маркази таҳқиқотии Пешвои миллат ва Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боздид намуданд.

Сипас дар толори калони шаҳраки донишҷӯён чорабинии илмӣ – маърифатӣ бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамошои дастаҷамъонаи меҳмонон ва иштирокчиён аз филми тарбиявии омоданамудаи Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оғоз гардид.

Зимнан сухани ифтитоҳиро муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим оғоз намуда, меҳмонону иштирокчиёни чорабиниро бо Рӯзи забон ва Рӯзи омӯзгор табрик намуда, барои онҳо зиндагии босаодат ва фатҳи қуллаҳои баланди илмиро таманно намуд.

Мавсуф зикр намуд, ки ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нисбат ба насли наврасу ҷавон, инчунин, вобаста ба одобу маданияти шаҳрнишинӣ, риояи маромномаи сокини пойтахт ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ибрози андеша намуд.

Дар идомаи чорабинӣ муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Раҳимзода Умед дар суханронии худ иброз дошт, ки масъалаи ҷавонон ҳамеша дар мадди назари давлат ва сиёсати иҷтимоии ҳукумати мамлакат қарор дошта, дастгириҳои пайваста дар ин самт бори дигар аз муҳиммияти ин масъала ва идомаи сиёсати инсонпарварона ва ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Наврӯз вобаста ба масъалаи рушди неруи инсонӣ ва ҷалб сохтани ҷавонон ба самти омӯзиши илмҳои бунёдиву техникӣ яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи маориф таъкид дошт.

Сипас, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе генерал – майори милитсия Ҳамидзода Бароталӣ Партов оид ба пешгирии шоимлшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ифротӣ, хурофотпарастӣ, бегонапарастӣ ва хизмати Модар – Ватан суханронӣ намуд.

Муовини Прокурори шаҳри Душанбе мушовири адлияи дараҷаи 1 Раҷабзода Мутеулло Сафаралӣ, оид ба таъмини риоя ва иҷрои қонунҳо вобаста ба самти ноболиғону ҷавонон ибрози андеша намуд.

Ҳамзамон, намояндаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Музаффаров Убайдулло вобаста ба истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ҷавонон ва эмин будани онҳо аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, дар ин самт ба ҷавонон тавсеаҳои судманд намуд.

Дар фарҷом ба як қатор омӯзгорони фаъоли Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои гузоштани саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон “Сипоснома” – и Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе тақдим карда шуд.