Имрӯз (02.04.2026) вохӯрии корӣ дар ҳошияи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми марти соли 2026, №1145 тасдиқ карда шудааст, баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовинони ректор, намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Донишгоҳ иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ масъалаҳои иҷрои саривақтӣ ва босифати бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030) баррасӣ шуда, ба баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандону донишҷӯён, анҷом додани чорабиниҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотию ташвиқотӣ диққати махсус равона гардид.












