ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ БО МУАССИСАҲОИ ҶОПОН

459

Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат бо ниҳодҳои гуногуни илмию таълимии хориҷи кишвар дар ҳоли рушд қарор дорад. Табодули устодону кормандон ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам аз ҷумлаи ин ҳамкориҳо мебошад, ки солҳои охир пайваста сурат мегиранд.

Дар доираи ин ҳамкориҳо бо мақсади омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва тақвият бахшидан ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҳайати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода ба Ҷопон сафар намуда буданд ва бо фаъолияти марказҳои илмию технологияҳои Ҷопон шиносоӣ пайдо карданд.

Дар доираи ин ҳамкориҳо имрӯз (04.04.2024) ректори ДМТ, профессор Эмомалӣ НасриддинзодабоСафири фавқулодда ва мухтори Ҷопон дар шаҳри Душанбе Аики Тосихиро, мушовир, муовини роҳбари намояндагии Ҷопондар Ҷумҳурии Тоҷикистон Томонори Ҳасегава ва ёрдамчии масоили илмию фарҳангии Ҷопон Шероз Джураев вохӯрӣ намуданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо дар самти дурнамои рушди ҳамкориҳо, аз ҷумла муносибатҳои илмию таълимии Тоҷикистону Ҷопон, баргузор намудани семинару машвардҳои илмию таълимӣ, равобити устодону донишҷӯён дар самти такмили ихтисос, чопи китобҳои илмӣ – таълимӣ табодули афкор сурат гирифт.

Зимнан таъкид гардид, ки сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳким бахшидани ҳамкориҳои илмию таълимӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон аз тамоми имконоти мавҷуда самаранок истифода намуда, барои донишҷӯёни тоҷик бурсияҳо ҷудо намудааст. Ин иқдом метавонад табодули олимони ҷавон ва донишҷӯёни тоҷикро ҷиҳати омӯзиши илмҳои муосир ба роҳ монад.