ТАБРИКИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

345

Имрӯз ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ. Х. бо ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» (самтҳои математика, технологияҳои иттилоотӣ, географияи иқтисодӣ бо асосҳои демографии он) вохӯрӣ анҷом дода, ба онҳо дар самти идомаи таҳсил ва рушди малакаи зеҳнӣ тавсияҳои судманд доданд.

Ёдовар мешавем, ки дар озмуни мазкур донишҷӯёни донишгоҳ чор ҷойи аввалро соҳиб гардиданд. Озмуни мазкур дар партави эълон гаштани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон санаи 13-14-уми май миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ аз рӯйи самтҳои математика, технологияҳои иттилоотӣ, географияи иқтисодӣ бо асосҳои демографии он доир гардид.