ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН, ПРОФЕССОР ХУШВАХТЗОДА Қ.Х. БА МУНОСИБАТИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2023

77

Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!

Ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо ҳамватанони азизамро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2023 самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо рӯзгори ободу иқболи нек орзу менамоям.

Соли 2022 барои мардуми шарифи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат соли воқеан хотирмону таърихӣ ба ҳисоб мерафт, зеро кишвари азизи мо дар ин сол ба дастоварду пешравиҳои басо муҳимму назаррас ноил гардид. Бузургтарин дастовард дар ин соли таърихӣ ва фаромӯшнашаванда ин қабули пешниҳоди навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: Соли 2025 ҳамчун  соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби СММ ва таҷлили сисолагии Иҷлосияи 16-уми Шурои олии кишвар мебошад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд: «Иҷлосияи 16 – уми Шурои олӣ бо тақозои таърих на танҳо тифли дар гаҳворабудаи Истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайян сохт ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба сӯи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башари ҳидоят намуд».

Қобил ба зикр аст, ки пешниҳод ва қабули иқдоми навбатии ҷониби Тоҷикистон: Соли 2025 ҳамчун  соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳалли чолишҳои ҷаҳонӣ эътимод доранд.

Устодону ҳамкорон ва шогирдони азиз!

Воқеан ҳам соли сипаригашта барои ҳайати бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи миллӣ соли хотирмон буд. Дар тамоми самтҳои фаъолият дастовардҳои назаррас рӯйи кор омаданд. Ифтитоҳи чанде аз марказу синфхонаҳои таълимӣ, аз ҷумла Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои муаззами миллат, ташрифи намояндагони сохторҳои воломақоми дохилу хориҷи кишвар, инчунин,  сафирони кишварҳои хориҷи муқими Тоҷикистон ба донишгоҳ, ҷойи чорумро гирифтани донишгоҳ дар рейтинги  донишгоҳҳои АвруОсиёии IAAR (IAAR-EUR) – 2022, ҳамзамон, ғолиб омадани донишгоҳ дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истифода додани иншоотҳои таълимӣ–маишӣ, ба мисли хобгоҳи истиқоматӣ барои омӯзгорон аз ҷумлаи дастовардҳо ва рӯйдодҳои муҳимми соли 2022 мебошанд, ки дар таърихи донишгоҳ бо хатти заррин сабт мешаванд. Илова бар ин, зумрае аз устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар чандин чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва дастовардҳои беназири таърихӣ гардиданд.

Боварии комил дорам, ки ҳайати устодону кормандон ва шогирдони Донишгоҳи миллӣ, инчунин, мардуми шарифи кишвари азизам-Тоҷикистон дар соли нави мелодии 2023 дар пешбурд ва амалисозии сиёсати маорифпарварона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, пойдории сулҳу субот дар ҷомеаи соҳибистиқлол аз пештара бештар пешраву пешсаф гардида, таъкиди зерини Пешвои миллатро сармашқи кори худ қорор медиҳанд: «…Танҳо азму иродаи қавӣ, эътимод ба фардои нек, заҳмати софдилона ба нафъи Ватан ва давлат моро ба ҳадафҳои олиамон мерасонад. Ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.

Илова бар ин, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад».

Бигзор, соли нави 2023 дар роҳи фардои зиндагиямон саодати абадӣ, корнамоиҳои шуҳратманд, дастовардҳои эҷодӣ ва ибтикороти шоёнро паём оварад!

       Соли нави мелодӣ муборак!