ТАДБИРҲОИ НАВ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲ

177

Имрӯз (14.09.2024) дар толори фарҳангии Шарифҷон Ҳусензода ҷаласаи назоратии ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. бо садорати факултетҳо, роҳбарони сохторҳои гуногуни донишгоҳ масъалаҳои илмию таълимӣ, молиявӣ, хоҷагидории факултетҳо ва сохторҳои донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ректори донишгоҳ таъкид намуд, ки дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, Фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки бо Амри Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, моҳи ноябри соли равон дар Тоҷикистон 100-солагии таърихшиноси маъруфи тоҷик, академик Аҳрор Мухторов таҷлил мегардад. Аз ин рӯ, аҳли донишгоҳро мебояд, ки 100-солагии донишмандро бо баргузор намудани конфронсҳои гуногунсатҳи донишгоҳиву ҷумҳуриявӣ бо ҷалби муҳаққиқону таърихшиносони кишвар дар сатҳи баланд таҷлил намоянд. Зимнан таъкид гардид, ки Аҳрор Мухторов дар илми таърихи Тоҷикистон аввалин нафаре аст, ки дар мавзуи ниҳоят муҳим — омӯзиши катибаҳо кор бурда, роҳи эҷодиаш ба ин масъалаи ноомӯхта тавъам шудааст.

Дар идомаи суханронӣ Ректори донишгоҳ дар самти омода намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ, ҷалби бештари чеҳраҳои ихтироъкор, ҳузури донишҷӯён ба дарс, иҷрои саривақтии талаботи қонунҳо изҳори назар намуда, ҷиҳати рушд бахшидани самтҳои зикршуда ба садорату сохторҳои зертобеъ тавсеаҳои судманд доданд.

Дар интиҳо ҷиҳати боз ҳам хубтар гардидани фаъолияти сохторҳо дастурҳои мушаххас дода шуд.