ТАКМИЛИ ДОНИШ

569

Дар доираи лоиҳаҳои “Шабакаи такмили таҳсилоти олии илман асоснок дар соҳаи микробиология ва бунёдӣ ва татбиқӣ” ва «Шабакаи такмили таҳсилоти олии илман асоснок дар соҳаи биотехнологияи микробиологӣ» корманди Маркази биотехнологии ДМТ Ҷӯраева М.М., аз санаи 18 январи соли 2020 то санаи 2 январи соли 2021 ба Донишгоҳи Бергени шаҳри Бергени Норвегия сафари хизматӣ доштанд.

Лоиҳаи номбурда ҷиҳати таҳкими заминаҳои модиву техникӣ ва омода намудани мутахассисони ихтисоси микробиология кумак мерасонад.

Зимни сафар дар тренинги байналмилалӣ, ки бо дастгирии роҳбари лоиҳа Нилс Кааре Биркеленд доир гардид, иштирок намуданд. Дар ин муддат ӯ корҳои илмию таҳқиқотӣ, ба мисли парвариши микроорганизмҳо дар ғизоҳои махсуси сунъӣ, ҷудокунии КДН бо методи КИТ ва СТАБ, гел-электрофорез, муайянкунии намуди микроорганизмҳо, тайёр намудани маводи ПСР, муайянкунии намуди микроорганизмҳо бо методҳои замонавӣ, муайянкунии намуди микроорганизмҳо бо методи АПИ 50СHB ва АПИ ZYM, муайянкунии намуди микроорганизмҳо бо методи таҳлили метагеномии бо барномаи “CLC Genomics Workbench 20.0.4 аз КДН» анҷом дода, дар чандин ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ, ки бо сабаби паҳншавии бемории ҳамагир – коронавирус тариқи онлайн сурат гирифт, иштирок намуда, дар маҷаллаву сомонаҳои давлатӣ матлаби гуногунро ба табъ расондааст.