ТАКМИЛИ МАҲОРАТИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ НИЗОМИ ИҶРОИ ҶАЗОИ ҶИНОЯТӢ ДАР ДТИБКОМТОК

20

Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (ДТИБКОМТОК) назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи амалии стратегияҳо ва барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста саҳми арзандаи худро мегузорад.

Дар ин замина, Донишкада бо мақсади иҷрои вазифаҳои пешбинишуда дар “Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” барои кормандони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос ташкил ва баргузор намуд.

Курси мазкур “Педагогика ва психологияи ҳарбӣ-пенитенсиарӣ” унвон гирифта дар ҳаҷми 105 соат роҳандозӣ гардид. Дар он устодону мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб карда шуданд. Машғулиятҳо дар сатҳи баланди касбӣ ва бо истифода аз усулҳои муосири таълим баргузор гардиданд.

Ҳадафи асосии баргузории курси “Педагогика ва психологияи ҳарбӣ-пенитенсиарӣ” омода намудани мутахассисони соҳибкасб барои фаъолият дар сохторҳои низомӣ ва муассисаҳои пенитенсиарӣ (ислоҳӣ) мебошад. Зимни омӯзиш иштирокчиён доир ба хусусиятҳои равонӣ, педагогӣ ва тарбиявии фаъолияти хизматӣ дар муҳити ҳарбӣ ва ислоҳӣ дониш ва малакаҳои зарурӣ касб намуданд.

Ҳамзамон, курс ба такмили маҳорати касбӣ, рушди фарҳанги муоширати хизматӣ, таҳкими масъулияти касбӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии равонии кормандон мусоидат менамояд.

Роҳбарияти Донишкада зимни супоридани дипломҳо изҳор дошт, ки чунин курсҳои омӯзишӣ дар таҳкими сатҳи касбияти кормандони низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва татбиқи самараноки сиёсати давлатии соҳа нақши муҳим хоҳанд гузошт.