ТАЛАБОТ БА МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ ЖУРНАЛИСТИКА МЕАФЗОЯД

168

Имрӯз дар фазои иттилооти ҷаҳонӣ дар мавриди мазмуну муҳтаво ва роҳу равиши инъикоси мавод баъзе тағйиру такомулот сурат гирифтааст, ки тарбияи мутахассисони ватандӯст дар риштаи рӯзноманигорӣ талаботи замон аст. Таваҷҷуҳи бештар ба бедории завқ ва такмили андешаи созанда, худогоҳиву худшиносӣ ва ахлоқу маънавият бояд дода шавад. Аз ин лиҳоз, тарбия намудани рӯзноманигорони ватандӯсту хушсалиқа, инчунин, донандаи забонҳои хориҷӣ талаботи замон аст.

Ин нукта имрӯз зимни вохӯрии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо коллективи устодону кормандони факултети журналистикаи донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар идомаи вохӯрӣ ректори донишгоҳ аз мушкилоти баъзе аз сохторҳои факултет изҳори нигаронӣ намуда, таваҷҷуҳи масъулинро дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта ҷалб сохт ва дастурҳои мушаххас дар самтҳои мухталиф дод.

Зимнан таъкид шуд, ки дар робита ба омода намудани мутаҳассисони соҳа аз усулҳои нави таълиму тарбия кор гирифт ва рӯзноманигоронро мутобиқ ба талаботи замон аз пештара бештар тарбия кард.