ТАМОШОИ ФИЛМ: ТАҲКИМИ ДОНИШҲОИ ФАРҲАНГӢ

8

Кино чун рукни фарҳанги ҷамъият муҳимтарин воситаи таблиғу оммавӣ намудан, густариш додани идеологияи давлатӣ ва миллӣ ба ҳисоб меравад, ки ягон навъи дигари санъат онро иваз карда наметавонад.

Эмомалӣ РАҲМОН

Бо ибтикори Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо «Тоҷикфилм» бо мақсади баланд бардоштани донишҳои фарҳангии устодону кормандон дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён намоиши филми муваффақтарини даврони истиқлол – «Дов» (коргардон Муҳиддини Музаффар) баргузор гардид.

Филм воқеаҳои солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ба таври таъсирбахш инъикос намуда, тамошобинонро ба дарки дурусти воқеияти таърихӣ ҳидоят мекунад. Ин иқдом барои бедор намудани эҳсоси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба сулҳу субот мусоидат мекунад.