ТАМОШОИ КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ АЗ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ

687

Бо дастгирии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. гурӯҳи кормандони бахши хоҷагии донишгоҳ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд. Кормандони бахши хоҷагии донишгоҳ бо роҳбаладони осорхона аз толорҳои таърихӣ боздид намуда, иттилоъ дода шуд, ки дар бойгонии осорхона зиёда аз 100 ҳазор бозёфтҳои бостоншиносӣ мавҷуд аст.

Диққати тамошобинонро изи одамони ибтидоӣ, ки аз нишемангоҳҳои Кулдара, Қаратоғ, Лоҳутӣ, Оби мазор ба даст омадаанд, инчунин, ёдгориҳои Маданияти Ҳисор, ки аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ кашф шудаанд, ҷалб намуд.

Бояд зикр намуд, ки чунин иқдом ба кормандон имконият медиҳад, ки ба таърих ва маданияти халқи тоҷик аз наздик шинос шуда, дар ин самт маълумоти бештар дошта бошанд.