ТАМОШОИ МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ ПРЕЗИДЕНТ

624

Имрӯз (30.10.2020) дар таърихи навини Тоҷикистон як рӯзи таърихӣ буд. Мардуми шарифи кишвар тариқи телевизион ва радио маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо намуданд. Ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар баробари дигар сохторҳои ҷумҳурӣ тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар пахши мустақими маросими савгандёдкунии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо намуданд.

Чорабинии муҳимми сиёсӣ дар Қасри Миллат, Кохи Сомон ва дар майдони Дӯстии пойтахт доир шуд.

Ёдовар мешавем, ки чорабини мазкур дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бори сеюм ҷараён гирифта, аз эҳёи боз як оини бостонии давлатдории ниёгонамон гувоҳӣ медиҳад.