ТАМОШОИ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛАТ ДАР РӮЗИ ДОНИШ

470

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Синоро мавриди истифода қарор дод ва Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар пояи донишгоҳи мазкур баргузор гардид. Суханронии Пешвои муаззами миллат дар тамоми шабакаҳои телевизион ва радио ба таври мустақим нишон дода шуд. Тамоми муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи мамлакат бахши мустақими суханрониро тариқи шабакаҳои телевизионӣ тамошо намуданд. Ҳайати бисёрҳазорнафараи ДМТ дар толори калони бинои асосии донишгоҳ ва маҷлисгоҳҳои факултетҳо ҷамъ омада, ба суханронии Пешвои миллат гӯш доданд. Аз тамошои суханронӣ ба назар мерасад, ки ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳимми кишварамон ҳамеша дар мадди назари Сарвари давлат қарор дошта, барои беҳтару хубтар намудани сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии мардум корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда истодаанд.