ТАМОШОИ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РӮЗИ ДОНИШ

268

Имрӯз (01.09.2024) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар рӯзи Дониш ва оғози тантанавии соли нави таҳсили2024-2025 иштирок намуданд.

Суханронии Пешвои муаззами миллат дар тамоми шабакаҳои телевизион ва радио ба таври мустақим нишон дода шуд. Тамоми муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи мамлакат пахши мустақими суханрониро тариқи шабакаҳои телевизионӣ тамошо намуданд.

Ҳайати бисёрҳазорнафараи ДМТ дар толори калони бинои асосии Донишгоҳ ва маҷлисгоҳҳои факултету сохторҳои он ҷамъ омада, ба суханронии Пешвои миллат гӯш доданд. Аз тамошои суханронӣ ба назар мерасад, ки ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳимми кишварамон ҳамеша дар мадди назари Сарвари давлат қарор дошта, барои беҳтару хубтар намудани сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии мардум корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда истодаанд.