ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР ХОБГОҲҲОИ ДОНИШГОҲ

410

Имрӯз (17.03.2023) бошандагони хобгоҳҳои Донишгоҳи миллӣ Наврӯзи байналмилалиро бо баргузории чорабинии фарҳангию фароғатӣ ҷашн гирифтанд. Қаблан ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ҳамроҳ бо намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ аз хони оростаи истиқоматкунандагони хобгоҳҳо боздид намуда, ба омодагии омӯзгорону донишҷӯён ва оростани хонҳои наврӯзии онҳо баҳои баланд доданд.

Ректори донишгоҳ зимни сухани табрикотӣ иброз дошт, ки воқеан, Наврӯз инъикоскунандаи анъанаҳои миллӣ, эҳёи табиат ва мероси ниёгонамон буда, бо омаданаш ба кас накҳату тароват ва илҳоми тоза зам менамояд. Ҳамин аст, ки ин ҷашни бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо мақоми расмиро соҳиб гардид, балки бо заҳмату талошҳои фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалиро касб кард ва ҳамчун омили ҳамгироӣ дар замони ҷаҳонишавӣ қабул гардид, ки имрӯз дар саросари олам таҷлил карда мешавад.

Бахши фарҳангии чорабиниро ансанбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла Иззат Шарифӣ, Шабнами Тоҷиддин ва Ҷаннатуло Абдуллоев рангину хотирмон гардониданд.