ТАШАББУСҲОИ ОЛАМШУМУЛ ВА ҲИМОЯТГАРИ АРЗИШҲОИ УМУМИИНСОНӢ

14

Дар ҷаҳони имрӯза таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ рӯз то рӯз афзун гардида, хатару ситезаҳои навро, ба монандӣ: амнияти озуқаворӣ, тағйирёбии иқлим, вазъи экологии ҷаҳон ба миён меорад. Дар баробари афзоиш ёфтани таҳдиди ин хатарҳо, кишварҳои алоҳида дар муқобили зуҳуроти ба он вобаста истодагарӣ карда наметавонанд. Аз ин рӯ, пешгирӣ ва ҳаллу фасли чунин масоил бидуни талошҳои дастаҷамъӣ дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ имконнопазир аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун кишвари дорои захираҳои фаровони об, ҷонибдори истифодаи одилона ва оқилонаи он сарвату захираҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад ва татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ягона василаи ҳалли мушкилот дар ин самт медонад.Тоҷикистон бо роҳандозии густурдаи дипломатияи бисёрҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи об ҳадафи бозидани нақши фаъол дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳониро пайваста пайгирӣ мекунад. Дар доираи ин дипломатия ва дар пайравӣ аз ташаббусҳои созандаи марбут ба об («Соли байналмилалии “Оби тоза”, соли 2003», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии “Ҳамкорӣ дар соҳаи об”, соли 2013»), Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (2018-2028), ки мавриди истиқбол ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд, амалӣ намудани ибтикорҳои тоза дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, пеш аз ҳама, Созмони Милали Муттаҳид пешбинӣ мешавад. Ҳадаф аз ин ташаббусҳо таъкиди зарурати ҳамкории созанда дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об ҷиҳати бақои ҳаёт ва рушди устувори инсоният аст. Вобаста ба ин, яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини нақши созандаи кишвар дар масъалаҳои марбут ба об дар минтақа ва дар арсаи байналмилалӣ мебошад, ки ҳам ба манфиатҳои миллӣ ва ҳам ба нафъи ҷомеаи ҷаҳонӣ созгор аст.

Пас аз соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ҳамкории худро бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ тадриҷан ба роҳ монда, дар доираи ҳамкорӣ бо онҳо ва дар чаҳорчӯбаи онҳо мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ мустаҳкам намуд.

Барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди минбаъдаи кишвар барои Тоҷикистон бо чунин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба мисли Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаву ниҳодҳои он ҳамкориҳо дорад ва худ низ дар рушди фаъолияти онҳо саҳми калон дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкориҳои худ бо созмони универсалии байналмилалӣ – Созмони Милали Муттаҳид аҳамияти махсус медиҳад.Мавриди зикр аст ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 07.11.2022 дар иҷлосияи бистуҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27), ки дар давлати Арабии Миср баргузор гардид, суханронӣ намуда диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳои марбут ба экология ва норасогии обу боришоти зиёд ва обхезиҳо, обшавии пиряхҳо ва хушкшавии баҳру обанборҳо ҷалб намуданд. Ҳамчунин дар суханронии хеш Пешвои миллат таъкид намуданд, ки Тоҷикистон бо 93 фоизи ҳудуди куҳсораш дар баробари тағйирёбии иқлим хеле осебпазир мебошад. Таъкид низ гардид, ки ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ хеле ночиз аст ва дар ин радабандӣ дар ҷойи 130-ум қарор дорад, яъне аз рӯйи андозаи пасти чунин партовҳо мавқеи пешсафро ишғол менамояд. Зиёда аз 98 фоизи нерӯи барқ дар Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои барқароршаванда, яъне “энергияи сабз”, бахусус гидроэнергетика ба даст меояд ва аз рӯи ин нишондиҳанда мо дар ҷаҳон дар мақоми шашум қарор дорад.

Қобили қайд аст, ки дар як муддати кӯтоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист бо ташаббусҳои башардӯстонаи худ дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ саҳми арзандаи худро гузоштааст. Имрӯз Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари пешсафу ташуббускор оид ба масъалаҳои об ва дигар масоили вобаста ба он пазируфта, шинохта шудааст.

Мирзозода Ҳ., Устоди ДМТ