ТАШАККУЛ ВА ТАРҒИБИ НИЗОМИ МАОРИФИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ШОҲИГАРИИ ТАИЛАНД

169

Боиси хушнудист, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва фарҳангию байналмилалии муассисаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бо марказҳои бузурги илмию фарҳангии кишварҳои дуру наздик дар ҳоли рушд қарор доранд. Ба таъбири дигар, Истиқлоли давлатӣ шароити муносибро барои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои хориҷӣ фароҳам овардааст. Ин аст, ки тайи солҳои Истиқлоли давлатӣ кишвари азизамон – Тоҷикистон бо зиёда аз 180 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатиро ба роҳ мондааст. Яке аз кишварҳое, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои мутақобилан судманд дорад, ин Шоҳигарии Таиланд маҳсуб меёбад. Шоҳигарии Таиланд ба қатори кишварҳое шомил мебошад, ки аввалин шуда Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуда, робитаҳои дипломпатии худро бо кишвари мо ба роҳ мондааст.

Бояд зикри хос намуд, ки муносибатҳои дӯстонаи ду кишвари бародар аз сиёсати пешгирифтаи сарони ду давлат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари Шоҳигарии Таиланд муҳтарам Маҳа Ваҷиралонгкорн бар меояд. Сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Таиланд ва намояндагони воломақоми Шоҳигарии Таиланд ба Тоҷикистон далели гуфтаҳои болост.
Дар доираи ин сиёсат ҳамкориҳо дар ҳама самтҳо, аз ҷумла илму маориф дар ҳоли рушд қарор дошта, сохторҳои марбута, ба мисли вазоратҳои маориф ва илми ду кишвар равобити судмандро ба роҳ мондаанд.

Имрӯзҳо ҷиҳати пеш бурдани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти илму маориф дар мисоли Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, табодули академии устодону донишҷўёни Донишгоҳ, анҷом додани тадқиқоти илмӣ ва навиштани мақолаҳои муштарак, ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, биотехнология, тиб, ҳуқуқшиносӣ, иқтисоди сабз, зеҳни сунъӣ ва инноватсия сафари кории устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – дотсент Мирализода Эмомалӣ ва Азимов Сунатулло ба Шоҳигарии Таиланд ба роҳ монда шуд.

Зимни сафари корӣ устодони Донишгоҳ – дотсент Мирализода Э. ва Азимов С. бо намояндаи Сафоратхонаи Шоҳигарии Таиланд дар Остона – Оратай Пхубунлап Гунасилан вохўрӣ намуда, баҳри рушди ҳамкориҳои илмию таълимӣ табодули афкор намуданд. Баъдан намояндагони Донишгоҳ бо ректори Донишгоҳи Валайлаки Шоҳигарии Таиланд, доктор Сомбат Тамронгтанявонг мулоқот анҷом дода, баҳри тақким бахшидани ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва байналмилалии Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи Валайлак ибрози назар намуданд. Ҷонибҳо табодули устодону донишҷӯён ва баргузории ҳамоишҳои гуногуни илмию назариявӣ, инчунин, омӯзиши таҷрибаи пешқадамро мариди баррасӣ қарор доданд. Зимнан тарафҳо ҳамчунин рамзи дӯстӣ туҳфаҳои хотиравӣ, ки муарифгари ду кишвари ба ҳам дўст буданд, тақдим доштанд.
Пас аз мулоқотҳои расмӣ устодони Донишгоҳ дар семинари илмӣ-амалӣ, ки дар пояи Донишгоҳи Валайлаки Шоҳигарии Таиланд бо иштироки намояндагони сохторҳои дипломатӣ ва ниҳодҳои марбудаи давлатҳои Осиёи Марказӣ доир шуд, иштирок намуданд. Дар семинар имконияту зарфиятҳои Донишгоҳи миллӣ ва эътирофи дастовардҳои устодону кормандони Донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ шуданд.

Гуфта мешавад, ки таваҷҷуҳи иштирокчиёни семинар ба омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори ҷаҳонии меҳнат, татбиқи илм бо истеҳсолот, анҷом додани навовариҳои илмию техникӣ, рушди бештари муносибатҳои байналмилалӣ ва ғайра ҷалб гардид ва дар самтҳои мухталиф оид ба низоми маориф ва роҳҳои рушди он таклифу пешниҳодҳо сурат гирифт.

Хотирасон менамоем, ки сафари кории устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома дошта, дар доираи ин сафар суҳбату вохӯриҳо бо дигар донишгоҳҳои Шоҳигарии Таиланд дар нақша гирифта шудааст. Умед аст, ки вохӯриҳо дар самтҳои мухталиф баҳри рушди робитаҳои байналмилалии Донишгоҳ мусоидат менамоянд.