ТАШАККУЛИ ҶАҲОНБИНИИ ҶАВОНОН

282

Имрӯз (22.12.2022) дар толори бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши олимони ҷавон дар мавзӯи “Нақши озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон” баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур бо сухани ифтитоҳии муовини ректори донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. оғоз ёфт. Зимни суханронии худ қайд намуд, ки баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ барои ҷаҳонбинии қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон-донишҷӯён, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ замима мегузорад. Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз ҷумлаи онҳост, ки бо пешниҳод ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат баргузор мегардад.

Моро зарур аст, ки барои беҳтар ва хуб омода намудани донишҷӯён ба чунин озмунҳо чораҳои заруриро андешем.

Озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”; “Илм-фурӯғи маърифат” ва ““Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат”, ки барои таҳкими эҳсоси хушиносии миллӣ ва тақвияти донишҳои муосир роҳандозӣ шудааст, дар сатҳи лозима ба роҳ монда шудааст.

Сипас дар мавзӯи “Нақши озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар рушди тафаккури техникии ҷавонон” номзади илмҳои химия, дотсент, декани факултети химияи ДМТ, аъзои ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» Файзуллозода Эркин Фатҳулло, дар мавзӯи “Нақши озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон” номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филология, аъзои ҳайати комиссияи озмуни мазкур дар даврҳои гуногун Муҳаммадизода Қарор Муҳаммадӣ ва дар мавзӯи “Озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» -меҳвари асосии худшиносии миллӣ” номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики факултети таърих Шарипов Ҷамолиддин суханронӣ намуданд.