ТАШАККУЛИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

1053

Бо мақсади огоҳӣ гардидан аз таъриху фарҳанг, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша – чорабиниҳои раёсати донишгоҳ ва шуъбаи тарбия имрӯз (12.04.2022) аз ҳисоби омӯзгорону кормандони ботаҷрибаи донишгоҳ дар факултети химия маҷлиси тарбиявӣ бо донишҷӯёне, ки тибқи квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ декани факултети химия дотсент Файзуллозода Э.Ф., мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратии факултети ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинов Д.Ш., мудири кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърих, дотсент Ғуломов Т., мудири шуъбаи тарбия Саидов Ҳ.М., раиси бахши занони донишгоҳ Маҷидзода Д., раиси созмони ҷавонони донишгоҳ Икромов Р.С. ва дигар намояндагони масъули донишгоҳ иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузор намудани чорабинии мазкур, пеш аз ҳама, баланд бардоштани масъулияти донишҷӯён дар ҷодаи иҷрои вазифаҳои донишҷӯӣ, таҳкими тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани идеологияи солими донишҷӯён, саҳми донишҷӯён дар татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат, иҷрои бечунучарои қоидаҳои тартиботи дохилии донишгоҳ, иштироки фаъоли онҳо дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ, ба ҷо овардани эҳтироми хоссаи омӯзгорону калонсолон, риояи фарҳанги муошират, талқини фарҳанги либоси миллӣ, риоя кардани фарҳанги истифодаи телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, худдорӣ намудан аз ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, фаъол будан дар муборизаҳои иттилоотӣ ва дигар масъалаҳои муҳимм буд.

Ёдрас мешавем, ки чунин суҳбату вохӯриҳо бо донишҷӯёни дигар факултетҳо низ баргузор карда мешавад.