Дар партави сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва густариши робитаҳои илмӣ-маърифатӣ бо кишварҳои хориҷӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Индонезия, пайваста густариш медиҳад.
Дар ин замина, имрӯз (23.06.2026) ҳайати расмии факултети тиб ва илмҳои тандурустии Донишгоҳи Муҳаммадияи Йогякартаи Ҷумҳурии Индонезия (Universitas Muhammadiyah Yogyakarta – UMY) ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф овард.
Ба ҳайати меҳмонон доктор Мейки Фредианто – роҳбари Мактаби тиб, доктор Мария Улфа – ҳамоҳангсози ҳамкориҳои байналмилалӣ ва профессор Арди Прамоно – ҳамоҳангсози хизматрасонии ҷамъиятӣ шомил буданд.
Бояд зикр намуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қаблан бо як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Индонезия, аз ҷумла Донишгоҳи Пертамина ва Институти тадқиқотии муҳандисии Шоҳиспажӯҳи Индонезия созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар самтҳои таълим, илм, таҳқиқот ва мубодилаи академӣ робитаҳои судмандро ба роҳ мондааст. Ташрифи ҳайати Донишгоҳи Муҳаммадияи Йогякарта ва баимзорасии ёддошти нави тафоҳум қадами муҳимми дигар дар роҳи таҳкими ҳамкориҳои байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон, дар мисоли ДМТ ва Индонезия арзёбӣ мегардад.
Дар доираи сафар мулоқоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин бо ҳайати меҳмонон баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, мубодилаи устодону донишҷӯён, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи тиб ва тандурустӣ, инчунин роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимнан меҳмонон аз Осорхонаи Пешвои миллат, Маркази ташхис, табобат ва таълимии ДМТ ва дигар имкониятҳои таълимӣ ва илмии Донишгоҳ боздид намуда, бо дастовардҳо ва имкониятҳои таълимӣ – таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз наздик шинос шуданд.








