ТАЪСИСИ БОНКИ ТАЪЛИМӢ МУҲИМ АСТ…

470

Имрӯз (13.09.2022) бо мақсади рушд бахшидани ҳамкориҳои илмию таълимӣ намояндагони ҶСК “Бонки Эсхата” бо роҳбариии сардори департаменти Маркетинг ва рушди бонки мазкур Исматуллоев Фурқатулло ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ, Абдулмуминзода Н.А. мулоқот намуданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо дар самти дастгирии донишҷӯён ва баланд бардоштани саводнокии молиявии онҳо табодули афкор намуда, ташкили курсҳои омӯзишӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои таҷрибаомӯзӣ ва ташкили Бонки таълимиро муҳим арзёбӣ намуданд. Гуфта шуд, ки иқдоми пешгирифтаи ҶСК “Бонки Эсхата” барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён мусоидат хоҳад кард.

Ҳамзамон, чунин вохӯрӣ ва семинари омӯзишӣ бо устодону донишҷӯёни факултети механикаи математика низ доир намуданд.