ТАЪСИСИ ИХТИСОСИ ЖУРНАЛИСТ – АНГЛИС ТАЛАБОТИ ЗАМОН АСТ…

40

Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар мавриди мазмуну муҳтаво ва роҳу равиши инъикоси мавод дар ВАО баъзе тағйиру такомулот сурат гирифтааст. Таваҷҷуҳи бештар ба бедории завқ ва такмили андешаи созанда, худогоҳиву худшиносӣ ва ахлоқу маънавият дода шудааст. Ҳадафи асосии рӯзноманигорон маводу матолиби хонданӣ ба ҳайси ғизо барои тафаккур қарор гирифт. Аз ин лиҳоз, тарбия намудани рӯзноманигорони ватандӯсту хушсалиқа, инчунин, донандаи забонҳои хориҷӣ талаботи замон аст.

Ин нукта зимни вохӯрии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни мулоқот бо коллективи устодону кормандони факултети журналистикаи донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар идомаи вохӯрӣ ректори донишгоҳ аз мушкилоти баъзе аз сохторҳои факултет изҳори нигаронӣ намуда, таваҷҷӯҳи масъулинро дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта ҷалб сохт ва дастурҳои мушаххас дод.

Зимнан таъкид шуд, ки дар робита ба таъсиси ихтисосҳои рӯзноманигорӣ бо забонҳои хориҷӣ, хусусан забони англисӣ тадбирҳо андешида шавад, зеро рушди соҳаи журналистика омода намудани рӯзноманигорони забондонро талаб дорад.