ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ КОР БО ЗАНОН

19

Ҳукумати кишвар бо дарназардошти нақши барҷастаи занон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, дар доираи имкон дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ зоҳир менамояд ва бо ибтикороти созандаашонро доимо дастгирӣ карда, барои амалӣ шудани онҳо ҳамаҷониба мусоидат менамояд

Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз (23.10.2025) дар бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии донишҷӯдухтарон дар заминаи курси омӯзишии “Зан-сарвар” бо профессор Гулҷаҳон Бобосодиқова – коршиноси масоили гендерӣ баргузор гардид.

Бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси омӯзишии “Зан-сарвар” ба роҳ монда шудааст, ки бо ҷалби омӯзгорони факултетҳо, донишҷӯдухтарони фаъоли донишгоҳ гузаронида мешавад.

Дарси навбатии курси мазкурро муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Маҷидзода Д. ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки ҳадаф аз ташкилу баргузории курси омӯзишии “Зан-сарвар”, пеш аз ҳама, амалӣ намудани сиёсати давлаӣ дар самти кор бо занон ва оила, омода намудани бонувон ба зинаҳои роҳбарикунанда, пешбурди ғояҳои мухталифи инсондӯстиву ватанпарастӣ, ҳифзу эҳтироми арзишҳои миллӣ мебошад.

Сипас Г. Бобосодиқова суханронӣ намуда, қайд кард, ки сарварии занон ва дар зинаҳои роҳбарикунанда ҷалб намудани онҳо яке аз масъалаҳои асосӣ дар сиёсати давлатӣ дар самти кор бо занон ва оила мебошад. Маҳз бо ташаббус ва ғамхории Пешвои миллат имрӯз бонувони тоҷик дар зинаҳои роҳбарикунандаи самтҳои гуногуни ҳукумати кишвар кору фаъолият намуда, ба қувваи созандаи онҳо ҳукумати кишвар эътимоди комил дорад. Инчунин, Г. Бобосодиқова аз таҷриба ва рӯзгори ибратомӯзи худ ба шунавандагони курси мазкур қисса намуд.